Нашрияи илмии донишгоҳ

Маҷаллаи илмии «Техника ва технологияи асри XXI»

ISSN РИНЦ (elibrary.ru) КОА
Таърихи маҷалла

Маҷаллаи илмии «Илм ва технологияи асри XXI» соли 2020 бо ибтикори собиқ директори Донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзӣ Акбар Меҳридил таъсис ёфтааст.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда, дар маркази байналмилалии ISSN ба қайд гирифта шудааст. Он бо китобхонаи илмии электронии Федератсияи Россия (elibrary.ru) шартномаи дуҷониба дошта, ба Индекси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид карда шудааст.

То имрӯз 8 шумораи маҷалла дастраси хонандагон гардидааст.
Муштариёни маҷалла:
  • Олимону омӯзгорон
  • Докторантони PhD ва магистрантон
  • Унвонҷӯён ва пажӯҳишгарон
  • Ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон
Мақсад ва вазифаҳои корӣ

Мақсади асосии маҷалла ин инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тарғибу нашри дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ мебошад.

  • Риояи қатъии Оиннома ва меъёрҳои илмӣ;
  • Таъмини сифати баланди маводи дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ;
  • Вусъатдиҳии ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ.
Зери назари сармуҳаррирон:

2020-2021: Профессор Кобулиев З.

Аз соли 2022: Профессор Обидов Зиёдулло Раҳматуллоевич

Соҳаҳои илм (КОА):
13.00.01 – Илмҳои педагогӣ 05.00.00 – Илмҳои техникӣ 08.00.00 – Илмҳои иқтисодӣ