Маҷаллаи илмии «Илм ва технологияи асри XXI» соли 2020 бо ибтикори собиқ директори Донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзӣ Акбар Меҳридил таъсис ёфтааст.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда, дар маркази байналмилалии ISSN ба қайд гирифта шудааст. Он бо китобхонаи илмии электронии Федератсияи Россия (elibrary.ru) шартномаи дуҷониба дошта, ба Индекси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид карда шудааст.
Мақсади асосии маҷалла ин инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тарғибу нашри дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ мебошад.
2020-2021: Профессор Кобулиев З.
Аз соли 2022: Профессор Обидов Зиёдулло Раҳматуллоевич