Маркази рушди касбият зертобеи Раёсати таълимӣ - методӣ ва идораи сифати таҳсилот ва ҷузъи сохтории Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон буда, бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ ва хатми донишҷӯён амалӣ менамояд.
Вазифаи стратегии Марказ — ин баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони варзида барои фаъолият дар соҳаҳои саноати кишвар, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрока, соҳаи сайёҳат ва меҳмондорӣ, инчунин соҳаҳои биотехнология, мошинсозӣ, дорусозӣ, энергетика, стандартизатсия ва сертификатсия, сохтмон, заминсозӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки донишу малакаи мукаммали техникӣ-технологӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро талаб мекунанд.
Аттестатсияи хатм дар зинаҳои бакалавриат натиҷаи фаъолияти илмӣ ва таълимию методии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Рисолаи хатм — дастовардест, ки дар он тамоми натиҷаҳои дониши назариявию амалӣ, малакаҳои омӯзиши манбаъҳо, таҳлилу тасниф ва хулосаву натиҷагириҳои муаллиф инъикос меёбанд.
Бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, ташкилу ҳамоҳангсозии алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва илмию методиро дар корхонаҳои шарик амалӣ менамояд.
Ихтисос: —
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ (бо луғат)
Ихтисос: —
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ (бо луғат)
Ихтисос: —
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ (бо луғат)