Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ

Бобоев Аҳмадҷон
Сардори марказ

Бобоев Аҳмадҷон Сафаралиевич

Ихтисос: муҳандис - барномасоз

Дараҷаи илмӣ: – надорад

Унвони илмӣ: – надорад

Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат

МУФАССАЛ

Дар бораи марказ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати Раёсати инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ фаъолият менамояд.

Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ташкил медиҳанд.

ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН РАВОНА ГАРДИДААСТ:
  • Ташкили захираҳои махзан (фонд)-и маҷмӯи саволномаҳои тестӣ барои қабули донишҷӯён;
  • Татбиқи мониторинги сифати таҳсилот тавассути қабули имтиҳонҳо (фосилавӣ ва ҷамъбастӣ);
  • Такмили маҷмӯи саволномаҳои тестӣ ва қабули имтиҳонҳо бо усулҳои муосири технологӣ;
  • Гузаронидани семинару тренингҳо барои омӯзгорон ҷиҳати таҳияи саволномаҳои тестӣ;
  • Татбиқи низоми тестӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • Омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳо бо ТИ-и муосир;
  • Назорати дастовардҳои фосилавии сатҳи дониши донишҷӯён ва назорати берунӣ;
  • Таъсиси махзани барномаҳои тестӣ ва таъмини дастрасии ягона ба захираҳо;
  • Ёрии методӣ ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузорӣ;
  • Гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;