Ихтисос: муҳандис - барномасоз
Дараҷаи илмӣ: – надорад
Унвони илмӣ: – надорад
Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати Раёсати инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ фаъолият менамояд.
Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ташкил медиҳанд.