Шуъбаи мониторинг

Шуъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифати таҳсилот

Саидзода Рамазон
Сардори шуъба

Саидзода Рамазон

Ихтисос:

Дараҷаи илмӣ: надорад

Унвони илмӣ: надорад

Забонҳо: русӣ, англисӣ (бо луғат)

Телефон: +992

E-mail: saidzoda89@bk.ru

Маълумот дар бораи шуъба

Шуъбаи назорати сифати таҳсилот фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад. Ҳадафи асосии мо — таъмини самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ ва мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар шуъба дар канори сардор Саидзода Р.А., нозирон Одинаев Сафар ва Шарипов Навҷавон фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Вазифаҳои асосии шуъба

  • Санҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот мувофиқи нақша.
  • Таъмини донишгоҳ бо дастурҳои иттилоотии технологӣ.
  • Ташкили гурӯҳҳои корӣ барои таҳлили сифати кафедраҳо.
  • Назорати иҷрои қарорҳои Шурои олимон.
  • Иштирок дар аттестатсияи хатмкунандагон.
  • Таҳлили сатҳи тахассусии омӯзгорон.
  • Гузаронидани пурсишномаҳо (анкета) дар байни донишҷӯён.
  • Назорати ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён.