Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ ва худогоҳии миллӣ вобаста аст.
Раванди корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Консепсияи миллии тарбия ба роҳ монда шудааст. Мо ба тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён диққати махсус медиҳем.
Департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ 1 сентябри соли 2007 бо қарори Шурои олимони донишгоҳ таъсис ёфтааст.
Оиди кор бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ