Хобгоҳи донишҷӯён

Хонаи дуюми шумо дар давраи таҳсил

Маълумоти умумӣ

Шароити зист ва имкониятҳо

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дорои хобгоҳи муосир мебошад, ки аз 59 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 255 ҷойи хоб иборат аст. Дар ин ҷо донишҷӯён аз 4 факултет ва зинаи магистратура дар фазои дӯстона зиндагӣ мекунанд.

Барои таъмини тартибу интизом ва бехатарии донишҷӯён, намояндагони Раёсати тарбия ва мураббиёни махсус шабонарӯзӣ фаъолият бурда, аз ҳолу аҳволи сокинон бохабар мебошанд.

Интернет

Пайвасти доимии Wi-Fi барои дастрасӣ ба маводҳои илмӣ.

Китобхона

Китобхонаи махсус дар ошёнаи якум барои мутолиа.

Компютерҳо

12 адад компютери муосир барои омодагии дарсҳо.

Назорат

Сардорони ошёнаҳо ва назорати доимии тозагӣ.

Реҷаи омодагии дарсҳо

Истифодаи синфхонаи компютерӣ: аз 18:00 то 22:00
Вақти ҳозирғоиб ва санҷиши ороми: Пеш аз соати оромӣ
Санҷишҳои доимии тарбиявӣ аз ҷониби Раёсат ва садорати факултетҳо.

Тарзи ҳаёти солим

Дар хобгоҳ тамоми шароитҳо барои на танҳо зиндагӣ, балки ташкили тарзи ҳаёти солим ва муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.


Ҳадафи мо: Танзими тартибу интизом ва пешгирии амалҳои номатлуб.