Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон пулест, ки Шуморо ба сӯи иқтисоди рақамӣ ва ҷаҳони зеҳни сунъӣ мепайвандад. Дар ин ҷо ҳар як ихтисос бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонии технологияҳои рақамӣ тарҳрезӣ шуда, ба Шумо имкон медиҳад, ки на танҳо истифодабаранда, балки созандаи технологияҳои фардо бошед.
Мо муҳити беҳтаринро барои рушди тафаккури технологӣ,
таҳлили додаҳои калон ва инноватсияҳои рақамӣ
фароҳам овардаем. Бо мо ҳамсаф бошед ва неруи эҷодии худро барои
сохтани ояндаи рақамии кишвар равона намоед.
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон –
макони тавлиди идеяҳои қавӣ ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ!
Мо таҳкурсии зеҳниро барои пешрафти рақамии кишвар мегузорем ва донишҷӯёнро меомӯзем, ки технологияҳоро на танҳо истифода баранд, балки онро биофаранд.
Ҳадафи мо табдил ёфтан ба аввалин донишгоҳ-экосистема, ки дар он марзҳо миёни таҳсил, кор ва соҳибкорӣ вуҷуд надорад.