ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ



Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ, омӯзгорону кормандони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар чорабинии ҷумҳуриявии варзишии “Дави миллӣ” иштироки фаъолона намуданд.

Чорабинии мазкур субҳи барвақт бо ҳузури васеи сокинон, ҷавонон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардида, иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои солимии ҷомеа дар он саҳм гузоштанд.

Намояндагони донишгоҳ зимни иштирок иброз доштанд, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ба шумор рафта, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ барои тарбияи насли солиму созанда аҳаммияти калон дорад.

Иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорону кормандон дар чунин чорабиниҳо нишонаи дастгирии сиёсати варзишпарваронаи давлат ва таваҷҷуҳ ба рушди тарзи ҳаёти солим мебошад.