Сардори маркази байналмилалӣ ва идораи лоихахо
Мутахассис
Мутахассис
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ робитаҳои байналимилӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ бо муассисаҳои зиёди таҳсилоти олии хориҷи кишвар созишномаҳои байналмилалиро бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои илмии муштарак, бозомӯзии касбӣ таҳия ва чопи китобҳо, дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ ва техникаи ҳозиразамон ва такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ доимо амалӣ гардида истодаанд.
Донишгоҳ бо зиёда аз 45 донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия, 18 донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, 15 донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 8 донишгоҳи Ҷумҳурии мардумии Чин, ИМА ва дигар донишгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар доираи ин шартномаҳои ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Дар факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан ба номи И.Т. Трибулин дарсҳои маҷозӣ аз оғози соли таҳсил баргузор гардида, то имрӯз идома доранд. Бояд иброз намуд, ки ин дарсҳо то охири соли таҳсили 2025-2026 идома ёфта дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ баргузор мегарданд.
Ибтикороти рақамӣ: Санаи 17-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Донишгоҳи нақлиёти Сиан (XJTU) ва Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти бунёди низоми ҳукумати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар доираи татбиқи барномаи байналмилалии “Seeds for the Future” (Донаҳо барои оянда), бо дастгирии ширкати Huawei донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ Кулобиев Ҷовидон аз 02.08.2025 то 09.08.2025 ба шаҳрҳои Дунгуан ва Шенҷени Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуд.
Инчунин дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Ташаббуси ҳайати Аврупо дар Осиёи Марказӣ оид ба пайвастшавии рақамӣ» омӯзгори донишгоҳ Аҳмадҷон Бобоев ҷиҳати иштирок дар омӯзиши байналмилалӣ аз 16.11.25 то 21.11.25 ба Академияи ҳукумати электронии Ҷумҳурии Эстония сафарбар гардид.
Донишгоҳ дар лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ “Open Food Innovation University (OFINU)” шарик буда, дар доираи он 10 нафар омӯзгорон ба донишгоҳҳои олии Латвия, Словакия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар семинар-тренингҳои модулҳои омӯзишии лоиҳа иштирок намуда соҳиби сертификати байналмилалӣ гардидаанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба маҷмаи озмоишгоҳҳои донишгоҳ ба маблағи 280 000 сомонӣ таҷҳизотҳои озмоишӣ ворид гардидааст.
Маҳз дар доираи татбиқи лоиҳаи болозикр санаи 14.10.2025 то 17.10.2025 дар Донишгоҳ бо иштироки 3 нафар мутахассисон аз Латвия ва 2 нафар аз Словакия барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Давоми соли 2025 ба раванди баргузории омӯзишу машғулиятҳо беш аз 10 нафар мутахассисони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Латвия, Словакия, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон ҷалб гардиданд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии политехникии Иваново барои 30 нафар унвонҷӯён ба китобхонаи электронии донишгоҳи мазкур дастрасӣ дода шуд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Шихези Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ бо номи “Таҳияи технологияи асосӣ ва маҳсулоти функсионалии ферментатсияи бактерияҳои кислотаи лактикӣ” таҳия ва пешниҳод гардидааст.