Раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот ҳамчун ҷузъи сохтори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Барои дар амал ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи техника ва технология, иқтисодчиёни соҳаҳои гуногуни саноат, мутахассисони соҳаи техникаи компютерӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, метрология ва стандартизатсия, соҳаи энергетика, сайёҳат ва меҳмондорӣ, биотехнология, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, сохтмон, бехатарии ҳаракат дар роҳ, биохимия, ки дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд, мутасаддӣ буда, барои расидан ба мақсадҳои стратегии номбурда аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Зимни иҷрои вазифаҳои номбурда, Раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Қарорҳои Шӯрои олимон, фармон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб ва дигар санадҳои ба таълимоти олӣ вобастаро ба асос мегирад ва бевосита иҷро менамояд.
Дар раванди вазифаҳое, ки аз тайёр намудани мутахассисони замони нав бо назардошти ҳалли масъалаҳои стратегии ҷараёни таълим бармеояд, департаменти мазкур пеш аз ҳама барнома ва Стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста аз талаботи тахассусӣ ва азхуднамудани барномаи таълимии фанҳо таҳия намуда, барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии тайёр намудани мутахассисони, Шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот дар таҳия ва ба амал ҷорӣ намудани консепсияи ҳамоҳанг гардонии зинавии гирифтани донишҳои касбиро дар асоси низоми кредитӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо оид ба ин мавзӯъ ба амал ҷорӣ менамояд ва барои ба танзим даровардани баҳогузории фаъолияти донишҷӯён, омӯзгорон, мудирони кафедра ва деканони факултет дар сатҳи кафедра ва факултетҳо мониторинги ягонаи таҳлил ва баҳогузориро пешниҳод менамояд.
Раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот дар ташкил ва гузаронидани таҳлил экспертии Силлабусҳо, курсҳои мухтасари лексияҳои фаннӣ, ҷадвали дарсӣ дар асоси барномаҳои тасдиқшуда мутасаддӣ буда, талаботи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар ин раванд таъмин менамояд ва дар сари вақт ва бо сифати баланд маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методиро аз чопи типографӣ бароварда, истифодаи онро дар сатҳи факултетҳо ва фанҳои таълимӣ таъмин менамояд.
Раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот низоми ягонаи гузаронидани таҳлилҳои аналитикӣ ва мониторинги санҷиши сифати машѓулиятҳо, баҳогузории донишҳои касбӣ ва амсоли онҳоро бо назардошти дастовардҳои марҳилавии донишҷӯён меомӯзад ва дар ин раванд вобаста ба ихтисос ва равияҳо муаррифиномаи касбиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.
Ихтисос: -
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат
Ихтисос: -
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат
Ихтисос: -
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат
Ихтисос: -
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат
Ихтисос: -
Дараҷаи илмӣ: надорад
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат