Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқи васеи футбол миёни кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва дарёфти варзишгарони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд баргузор гардид.
Қабул гардидани пешниҳоди Рустами Эмомалӣ — президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун рӯйдоди муҳим ва таърихӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки таҷлили ин рӯз рамзи арҷгузорӣ ба варзиш, соҳибистиқлолии кишвар ва эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Зикр гардид, ки расман ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии футбол барои миллионҳо футболбозон, мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва дӯстдорони футбол дар саросари ҷаҳон рӯйдоди муҳиму хотирмон ба шумор меравад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки интихоби санаи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бесабаб набуда, маҳз 100 сол қабл — соли 1924 дар ҳамин рӯз аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол бо иштироки намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дар доираи Бозиҳои олимпии Париж баргузор гардида буд.
Ба истиқболи ин санаи муҳим дар майдончаи варзишии назди Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ташкилоту идораҳои шаҳрӣ оғоз гардид.
Пеш аз оғози мусобиқа дастаҳои наврасон аз ҳисоби духтарону писарон бо туҳфаҳо ва лавозимоти варзишӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба аҳаммияти рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи футбол суханронӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа бо иштироки 14 даста аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ баргузор гардида, ҳадафи он оммавигардонии варзиш ва рушди футболи хурд мебошад.
Дар бозии ифтитоҳӣ дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо дастаи Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рақобат намуд. Тибқи иттилои сардовари мусобиқа, дастаҳо ба ду зергуруҳ ҷудо гардида, бозиҳо ҳамарӯза пас аз соатҳои корӣ баргузор карда мешаванд.
Дар натиҷаи дидори аввал дастаи Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пирӯз гардид. Бозиҳои минбаъдаи мусобиқа дар рӯзҳои наздик идома ёфта, аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд ва барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқа мубориза мебаранд.