Маркази омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос
Шуъбаи магистратура ва докторантура (PhD) воҳиди сохторие мебошад, ки фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ ва илмию тадқиқотии донишгоҳ нигаронида шудааст. Мо ягонагии низоми талабот ва сифати барномаҳои таълимиро кафолат медиҳем.
Таълим дар асоси низоми кредитии аврупоӣ сурат мегирад. Ин ба магистрантони мо имкон медиҳад, ки бидуни монеа дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсилро идома дода, дипломи худро дар сатҳи байналмилалӣ эътироф намоянд.