25 майи соли 2026 дар доираи Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд, муассисаҳои илмӣ, инчунин мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ иштирок намуданд.
Форум ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои баррасии робитаи мутақобилаи захираҳои обӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори рақамии устувор ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии самараноки захираҳои обӣ баргузор гардид.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои глобалии об ба татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои обӣ аҳаммияти махсус медиҳад.
Дар доираи форум ду ҷаласаи панелӣ таҳти унвонҳои зерин баргузор шуданд:
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар рушди инфрасохтори рақамӣ, фаъолияти марказҳои коркарди маълумот, татбиқи меъёрҳои экологӣ ва таъмини рушди устувори технологияҳои зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои истифодаи таҳлилҳои зеҳнӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои пешгӯии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим низ муҳокима гардиданд.
Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки ҳамгироии илм, технология ва сиёсати давлатӣ метавонад барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам оварад.
Инчунин, зарурати рушди иқтидори кадрӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки рақамӣ дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самти рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳати идоракунии устувори захираҳои обӣ изҳор намуданд.