Санаи 09.05.2026 ҳайати кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузорӣ дар тозагӣ ва ободонии муҳити шаҳрӣ дар маъракаи тоза намудани кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳри Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ гардида, иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Роҳбарияти донишгоҳ чунин иқдомҳои башардӯстона ва ҷамъиятиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ барои таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, муҳаббат ба Ватан ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дорад.