Исозода Собир Қурбон
Муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамӣ

Исозода Собир Қурбон

Телефон 985094928
Почтаи электронӣ isoyev-sobir@mail.ru
Рӯзҳои қабул Душанбе - 8:00 Сешанбе - 9:00

Маълумоти иловагӣ


Исозода Собир Қурбон

Исозода Собир Қурбон 14 декабри соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда, соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Номзади илмҳо (аз рӯйи самти физика), дотсент.

Айни ҳол ҳамчун муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолият менамояд.


Маълумот

Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ-ро бо ихтисоси физик-омӯзгор хатм намудааст.


Фаъолияти меҳнатӣ

Солҳо Вазифа
2002–2006 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
2006–2007 Лаборанти калони кафедраи «Физикаи умумӣ»
2007–2014 Муаллими кафедраи «Физикаи умумӣ»
2014–2015 Саромӯзгори кафедраи «Электротехнология ва физикаи умумӣ» филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
2015–2016 Саромӯзгори кафедраи «Электротехнология ва физикаи умумӣ» Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
2016–2017 Мудири шуъбаи тарбия назди факултети «Муҳандисӣ-энергетикӣ»
2017–2018 Ҷонишини декан оид ба таълими факултети муҳандисӣ-энергетикӣ
2019–2021 Декани факултети муҳандисӣ-энергетикӣ, ҳамзамон дотсенти кафедраи шабакаҳои барқӣ ва физикаи умумӣ
Январи 2022 – марти 2025 Муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Июли 2025 – 2026 Сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии МДТ «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ»
13.01.2026 – 30.01.2026 Дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Аз 30.01.2026 то имрӯз Муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

Вазъи оилавӣ

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.