735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПАРЧАМ ИН НАНГУ НОМИ МИЛЛАТ


(Ба муносибати 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АНДЕША: Боиси саодатмандист, ки Истиқлолият барои мо тоҷикон заминаҳои нави комёбиро фароҳам овард ва аз ҷониби Пешвои миллат Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги худшиносӣ арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ омили асосии ҳастии миллат муаррифӣ ёфт.
Шоистаи таъкид аст, ки бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баргузор гардидани ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи барҷастаи дастгирии давлат барои муаррифии давлату миллат ва худшиносии миллӣ мебошад.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи дирафш машҳур буд. Дирафши давраи Сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи хешро дошт. Паҳлавонони номии “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии бузург ба монанди Рустам, Гударз,Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дирафши хешро доштанд.
Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои сонӣ маълумоти дақиқ нест.


Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Тоҷикистон рамзи истиқлолият нишони аввалин давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло рахи сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст, ки ин нишонаи решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Парчами Тоҷикистон соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Он ба баландтарин сутун дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд. Ҳоло дар ин рекорд пас аз Арабистони Саудӣ дар ҷойи дуюм мебошад. Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.


Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24- ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландиаз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, ҳамаи Шуморо ва мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор ва сиҳатмандию сарбаландиҳо таманно дорам.
Мирзоева Фарида – и.в. мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима