29 майи соли 2026 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон — муқобили коррупсия» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва ҷалби ҷавонон ба мубориза бар зидди коррупсия мебошад.
Дар маросими ҷамъбастии озмун роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, бо пешниҳоди корҳои эҷодӣ ва ташаббусҳои созанда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла:
Ин дастовард натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи донишҷӯён дар роҳи таҳсил, таҳқиқоти илмӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ буда, аз сатҳи баланди дониш, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонони донишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ғолибонро барои ин дастоварди арзишманд самимона табрик намуда, ба онҳо дар таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фатҳи қуллаҳои нави муваффақият комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.