Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии онлайнии оғози лоиҳаи стратегии «Тонг Ин Тофанг» баргузор гардид. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Институти давлатии касбӣ-техникии керамика ва технологияҳои Тзянсӣ ва Иттиҳоди умумиҷаҳонии рушди малакаҳо (WorldSkills Development Alliance) амалӣ карда мешавад.
Муҳимияти лоиҳа дар он ифода меёбад, ки он санъати анъанавиро бо платформаҳои муосири рақамӣ, тарҳрезии CAD ва технологияҳои пешрафтаи 3D, аз ҷумла 3D-прототипсозӣ ва 3D-чоп, ҳамгиро менамояд.
Раёсати донишгоҳ таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур ба принсипҳои стратегии рушди донишгоҳ мутобиқ буда, барои донишҷӯён имконияти истифода аз озмоишгоҳҳои пешрафтаи High-Tech ва азхудкунии технологияҳои рақамии муҳандисиро фароҳам меорад.
Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони зерин иштирок намуданд:
• Хуан Айбин — ноиби президенти Институти керамика ва технологияҳои Тзянсӣ;
• Чэн Чжэнцзюн — директори Маркази равобити байналмилалӣ ва ҳамгироии илму истеҳсолоти институт;
• Ли Хуатсзе — сарнамояндаи Иттиҳоди умумиҷаҳонии рушди малакаҳо (WorldSkills Development Alliance) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» ҳамчун пули муҳими илмию технологӣ хизмат намуда, донишҷӯёнро бо стандартҳои ҷаҳонии WorldSkills ва технологияҳои муосири рақамии 3D муҷаҳҳаз мегардонад.