Дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин амалисозии «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020–2040 ва Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, санаи 25 майи соли 2026 дар донишгоҳ олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва математика миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Олимпиада дар ду марҳила баргузор карда шуд. Даври аввал ба тариқи маҷозӣ (онлайн) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Кӯлоб доир гардида, дар он 204 нафар довталаб иштирок намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиён 60 нафар аз рӯйи ду равия ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Даври дуюми олимпиада ба таври ҳузурӣ дар Донишгоҳ баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи ҳар ду номинатсия — технологияҳои компютерӣ ва математика — байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.
Дар ин марҳила сатҳи дониш, маҳорати таҳлилӣ, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои мураккаби фаннӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, иштирокчиён донишу малакаҳои худро дар фазои рақобати солим муаррифӣ намуданд.
🥇 Ҷойи 1-ум — Амирова Фотима, хонандаи МТМУ №10-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
🥈 Ҷойи 2-юм — Раҷабов Муҳаммадюсуф, хонандаи МТМУ №53-и шаҳри Кӯлоб
🥉 Ҷойи 3-юм — Тавқиев Шаҳриёр, хонандаи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб
🥇 Ҷойи 1-ум — Маризоева Бибисоро, хонандаи МТМУ №37-и шаҳри Кӯлоб
🥈 Ҷойи 2-юм — Азимова Малоҳат, хонандаи МТМУ №37-и шаҳри Кӯлоб
🥉 Ҷойи 3-юм — Раҳимова Паймона, хонандаи МТМУ №37-и шаҳри Кӯлоб
Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти шавқи хонандагон ба фанҳои дақиқ ва омода намудани насли ҷавон ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои муосир мусоидат менамояд.
Ҷамъбасти олимпиада дар фазои тантанавӣ санаи 30 майи соли 2026 баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.