Тавре қаблан хабар дода шуда буд, имрӯз бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки оромгоҳи шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Душанбе оварда шуд.
Маросими ҷаноза ва ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоб бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид.
Дар зер шарҳи ҳоли мухтасари ин се шахсияти қаҳрамону ҷоннисор ва фарзандони номдори миллат пешниҳоди хонандагон мегардад.
Нусратулло Махсум (Нусратулло Лутфуллоев) соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии Ғарм, ҳозира ноҳияи Рашт, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Маълумоти ибтидоиро дар мактабу мадраса гирифта, аз овони ҷавонӣ ба корҳои кишоварзии оилавӣ машғул буд. Бо сабаби мушкилоти зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар баробари заҳмати зиёд соҳиби ҷаҳонбинии васеъ ва дониши хуб гардид.
Аз соли 1920 ба фаъолияти ҳизбию давлатӣ ҷалб гардида, дар барқарорсозии ҳокимияти нав дар Бухорои Шарқӣ саҳми фаъол гузошт.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1924 ӯ раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон интихоб гардида, нахустин роҳбари аввали Тоҷикистон гардид.
Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии комилҳуқуқ, Нусратулло Махсум Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ ва яке аз ҳамраисони Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб шуд.
Дар давраи таъқиботи сиёсӣ моҳи июли соли 1937 ӯ бо иттиҳоми сохта боздошт гардида, моҳи октябри ҳамон сол бо айби «омодасозии ҷиноятҳои зиддиинқилобӣ» ба ҳукми қатл маҳкум гардид.
Соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ бинобар набудани асоси ҷиноятӣ ҳукми мазкурро бекор намуд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои Нусратулло Махсум аз нав арзёбӣ гардида, ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Номи ӯ ба кӯчаву муассисаҳо гузошта шуда, ҳамчун яке аз бунёдгузорони давлатдории навини тоҷикон эътироф гардид.
Шириншо Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Дар кӯдакӣ аз падару модар маҳрум гардида, бинобар вазъи душвори зиндагӣ аз овони наврасӣ ба меҳнат машғул шуд. Ӯ ҳамзамон дар интернат таҳсил намуда, забони русиро хуб аз худ кард.
Аз соли 1914 барои кору таҳсил зодгоҳро тарк намуда, донишу ҷаҳонбинии худро такмил дод.
Аз соли 1921 ба корҳои ҳизбию давлатии шуравӣ ҷалб гардида, дар барқарор намудани ҳокимияти нав дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок намуд.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ӯ узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон таъйин гардида, барои ташкили сохторҳои ҳизбию давлатӣ ба Душанбе фиристода шуд.
Шириншо Шоҳтемур яке аз муборизони асосӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Гузориши ӯ ба номи Иосиф Сталин дар бораи вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аз намунаҳои муҳими фаъолияти сиёсии ӯ мебошад.
Охири соли 1933 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид.
9 июли соли 1937 дар шаҳри Москва боздошт гардида, моҳи октябри ҳамон сол бо иттиҳоми сохтаи иштирок дар ташкилоти миллатгароии зиддишуравӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд.
Соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми мазкурро бекор намуда, парвандаро барои мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қатъ кард.
Пас аз истиқлоли давлатӣ хизматҳои Шириншо Шоҳтемур бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардида, ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва номи ӯ ба кӯчаҳо, муассисаҳо ва ёдгориҳо гузошта гардид.
Нисор Муҳаммад соли 1897 дар шаҳри Пешовар ба дунё омадааст.
Ӯ дар рӯйдодҳои инқилобии Афғонистон иштирок дошта, яке аз қаҳрамонони Ҷанги сеюми англису афғон дар соли 1919 маҳсуб меёфт. Нисор Муҳаммад аз ёрони наздики Амонуллоҳхон буд.
Баъдан ҳамчун муҳоҷири сиёсӣ ба Осиёи Миёна омада, дар рушди илму маорифи Тоҷикистон саҳми арзишманд гузошт.
Бо талошҳои ӯ аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳои нав таъсис ёфтанд. Солҳои 1923–1924 китобҳои «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо»-и ӯ ба нашр расиданд. Нахустин донишҷӯёни тоҷик бо роҳнамоии ӯ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи Москва ва Ленинград фиристода шуданд.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ӯ ба корҳои давлатӣ ҷалб гардида, соли 1927 Комиссари халқии маорифи Тоҷикистон таъйин гардид.
Нисор Муҳаммад дар ҳамроҳ намудани округи Хуҷанд ба Тоҷикистон ва ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Дар пайи таъқиботҳои сиёсии сталинӣ 8 октябри соли 1937 боздошт гардида, дар асоси парвандаи сохта ба ҳукми қатл маҳкум ва 22 октябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд.
Имрӯз дар Душанбе ба нишони эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои арзишманди ин шахсияти фидокор кӯчае ба номи Нисор Муҳаммад гузошта шудааст, ки бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷойгир мебошад.