ТАШРИФИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ БА ДОНИШГОҲ


Санаи 15 майи соли 2026 муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Яздонзода Исфандиёр ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ба донишгоҳ ташриф овард.

Дар ҷараёни боздид меҳмони олиқадр аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, марказҳои омӯзишӣ ва дигар инфрасохтори таълимии донишгоҳ дидан намуда, бо шароити фароҳамгардида барои омӯзгорону донишҷӯён аз наздик шинос гардид.

Ҳамзамон, зимни мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ, татбиқи инноватсия дар раванди таълим, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир таваҷҷуҳ ба соҳаи рақамикунонӣ ва истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти назаррасро ба роҳ мондааст.

Дар фарҷоми ташриф муҳтарам Яздонзода Исфандиёр ба сатҳи ташкили раванди таълим, имкониятҳои мавҷуда ва иқдомҳои донишгоҳ дар самти рушди технологияҳои рақамӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.