12 майи соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи илмҳои амалии Ҳэнан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мубодилаи академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъсиси озмоишгоҳи тибби мардумии чинӣ, инчунин рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, додаҳои калон ва амнияти киберӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳо дар самтҳои илмӣ ва технологӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуда, аҳаммияти рушди робитаҳои байналмилалиро дар шароити муосир муҳим арзёбӣ карданд.