ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ


Бо ташаббуси Кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароиву экстремистӣ ибрози назар карданд. Зимни баргузории чорабинӣ иштирокдорон оид ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифату огоҳии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи насли ҷавон мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ҷузъи муҳими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми семинар зикр шуд, ки ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи зиндагии солиму созанда яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.