Рӯзҳои 7–8 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Олимпиада аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар доираи ду равия — фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ баргузор гардида, беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ба ҳам овард.
Дар ин чорабинии бонуфуз донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, сатҳи баланди дониш, маҳорати касбӣ ва омодагии хуби илмии худро ба намоиш гузоштанд.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии олимпиада, Амрохонзода Дилафрӯз Исохон — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-210601 «Забонҳои муосири хориҷӣ» аз фанни забони англисӣ ва Муродалиева Назокат — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-700403 «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ» аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, Мирзоев Рамазон Баҳромович — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-400301 «Зеҳни сунъӣ» аз фанни информатика соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида, бо диплом ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ дастовардҳои мазкурро натиҷаи заҳмати пайвастаи устодону донишҷӯён арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин муваффақиятҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.