Таърихи донишгоҳ

Соли 2003

Муассисаи давлатии таълимӣ «Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 471 аз 25-уми октябри соли 2003 таъсис ёфт.

Соли 2012

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун ҷузъи сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Соли 2015

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2015 таҳти № 149 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб табдили ном кард.

Соли 2024
Президент

Санаи 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.

"...Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода шуда, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултет ва кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.”

Соли 2025

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 319 Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ ба Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Оинномаи донишгоҳ бо фармоиши дахлдор тасдиқ гардид.

3 Факултет
9 Кафедра
2327 Донишҷӯ
179 Омӯзгор