Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ сохтори асосии донишгоҳ буда, ташкил ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро ба танзим медарорад.
Мақсади асосии фаъолияти раёсат — ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.