Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 23 майи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон VI-умин Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бонуфуз донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дониш, малака ва маҳорати касбии худро муаррифӣ карданд.
Боиси хушнудист, ки донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-400101 «Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ» — Ятимов Худобахш Салоҳиддинович бо иштироки фаъолона, дониши амиқ ва сатҳи баланди омодагии касбӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Муваффақияти мазкур нишонаи сатҳи баланди омодагии илмӣ, рушди тафаккури техникӣ ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба технологияҳои муосир буда, боиси ифтихори ҷомеаи донишгоҳӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон донишҷӯи фаъолро барои ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва таҳсилӣ барору комёбиҳои бештар таманно менамояд.