Дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб семинар-машварат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия баргузор гардид

Дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб семинар-машварат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия баргузор гардид


14–15 майи соли 2026 дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб семинар-машваратҳо дар мавзӯи «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои мазкур таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Яздонзода Исфандиёр Ҳамроқул доир гардида, ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва густариши иқтисоди рақамӣ дар сатҳи маҳаллӣ равона шуданд.

Зимни семинар-машваратҳо намояндагони Агентӣ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии рақамикунонӣ маъруза ва рӯнамоҳо пешниҳод намуданд. Дар маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, рушди инфрасохтори рақамӣ, густариши хизматрасониҳои давлатӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии равандҳои идорӣ дар мақомоти давлатӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва татбиқи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ қарор доштанд.

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба омодасозии кадрҳои соҳавӣ, рушди малакаҳои технологӣ миёни кормандони мақомоти давлатӣ ва густариши ҳамкории байнисоҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабиниҳои мазкур 600 нафар, аз ҷумла мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иқтисод, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар анҷоми семинар-машваратҳо таъкид гардид, ки рақамикунонии иқтисод ва истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.