Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмӯаи варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишии футбол миёни омӯзгорону кормандони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи варзишӣ миёни омӯзгорону кормандон роҳандозӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мусобиқа иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулият, маҳорати хуби варзишӣ ва рӯҳияи рақобати солим байни ҳам қувваозмоӣ намуда, фазои дӯстона ва варзиширо муҳайё намуданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои рушди фарҳанги ҷисмонӣ, таҳкими ҳамбастагӣ байни кормандону омӯзгорон ва ҷалби бештари ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба иштирокчиёни фаъол ва дастаҳои беҳтарин сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.