Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои мондагор ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, донишу малакаи худро вобаста ба осори Пешвои миллат ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён аз рӯйи донистани мазмуну муҳтавои асарҳо, таҳлил ва шарҳи андешаҳои асосӣ, инчунин арзёбии саҳми назарраси ин шахсияти барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати муосири тоҷикон ва маҳорати суханварӣ баҳогузорӣ гардиданд.
Ҳайати ҳакамон сатҳи омодагии иштирокчиёнро баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат нақши муассир дорад.
Дар анҷоми даври якум иштирокчиёни беҳтарин муайян гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва тарғиби осори гаронбаҳои Пешвои миллат мусоидат менамояд.