735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ!


(Ба муносибати 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Баробари бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам омадани фазои озоди фарҳангӣ ва сиёсӣ парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба миён омад.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.


Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Вакилони мардумӣ бо дарназардошти тавсия ва таҳқиқотӣ олимонӣ таърихшиносу ҳуқуқшинос шакли нави парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд, ки вобаста ба он низомномаи нави Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул гардид. Бояд зикр намоем, ки истилоҳи парчам вожаи тоҷикӣ буда дар Конститутсияи Тоҷикистон низ таҷасум ёфта аст. Дар фарҳангу номаҳо ва осори адибони тоҷику форс парчам дар ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Унсурӣ, Саъдӣ, Носири Хусрав, Низоми Ганҷавӣ, Ҳоқонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бадридини Кашмирӣ, Асадии Тусӣ ва шоирони муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муҳамад Ғоиб ва дигарон истифода гардида аст.


Воқеан Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пургарҷ доштааст.
Парчамдорон ва парчамбардорони миллати тоҷик Куруши Кабир, Дорои Кабир, Ардашери Сосонӣ, Анушервони Одил, Тоҳир Ибни Ҳусайн, Исмоили Сомонӣ, Сурии Ғурӣ, Амрӯи Сафорӣ, Спитамен, Деваштич, Муқанаъ, Маҳмуди Торобӣ, Абумуслими Хуросонӣ, Восеъи Далер ва садҳо фарзандони баномуси Тоҷикистон буданд ва имрӯз ин парчам қудрати давлатдории тоҷикон дар дасти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.


Ҳар як фарде, ки имрўз ба назди Парчам меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин рамз ифодакунандаи истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ ва иқболи мардуми куҳанбунёди тоҷик ва фарҳангии ниёгони мо буда, мақсаду мароми неки тоҷикон ва форсизабононро дар рангҳои худ инъикос менамояд.

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус ҷогирифта ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Ҳақ бар ҷониби шоири зиндаёд Лоиқ Шералист, ки фармуда аст:

Алам бардори номи ман ту бошӣ,
Давоми ман, паёми ман ту бошӣ.
Бимирам дар ҳақат, эй тифли фардо,
Агар қоимақоми ман ту бошӣ.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари миллати тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд.

Шоинов Ҳасан – сардори маркази фарҳанг ва маънавиёти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима