Маркази рушди касбият зертобеи Раёсати таълимӣ - метод ва идораи сифати таҳсилот ва ҷузъи сохтории Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон буда, бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ, хатми донишҷӯён амалӣ менамояд.
Вазифаи стратегии Маркази рушди касбият ин баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони варзида барои фаъолият дар соҳаҳои саноати кишвар корхонаҳои истеҳсолоти маҳсулоти саноати сабук, истеҳсолоти маҳсулоти саноати хӯрока, тайёр намудани мутахассисони варзида барои соҳаи сайёҳат ва меҳмондорӣ, инчунин тайёр намудани мутахассисони соҳаи биотехнология, мошинсозӣ, дорусозӣ, энергетика, стандартонӣ ва сертификатсия, сохтмон, заминсозӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳрии Тоҷикистон, ки донишу малакаи мукаммали техникӣ-технологӣ донистани асосҳои технологияи муосирро талаб мекунад, дар бар мегирад.
Идоракунии умумии марказ, ҳамоҳангсозии бахшҳои таҷрибаомӯзӣ ва хатм, инчунин барпо кардани алоқаҳои стратегӣ бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар.
Аттестатсияи хатм дар зинаҳои бакалавриат натиҷаи фаъолияти илмӣ ва таълимию методии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Рисолаи хатм дастовардест, ки дар он тамоми натиҷаҳои дониши назариявию амалии муаллиф инъикос меёбад.
Бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ, таҷрибаомӯзӣ ва илмию методиро амалӣ менамояд.