Хонаи дуюми шумо дар давраи таҳсил
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дорои хобгоҳи муосир мебошад, ки аз 59 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 255 ҷойи хоб иборат аст. Дар ин ҷо донишҷӯён аз 4 факултет ва зинаи магистратура дар фазои дӯстона зиндагӣ мекунанд.
Барои таъмини тартибу интизом ва бехатарии донишҷӯён, намояндагони Раёсати тарбия ва мураббиёни махсус шабонарӯзӣ фаъолият бурда, аз ҳолу аҳволи сокинон бохабар мебошанд.
Пайвасти доимии Wi-Fi барои дастрасӣ ба маводҳои илмӣ.
Китобхонаи махсус дар ошёнаи якум барои мутолиа.
12 адад компютери муосир барои омодагии дарсҳо.
Сардорони ошёнаҳо ва назорати доимии тозагӣ.
Дар хобгоҳ тамоми шароитҳо барои на танҳо зиндагӣ, балки ташкили тарзи ҳаёти солим ва муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.