Кафедраи иқтисодиёти рақамӣ

Кафедраи иқтисодиёти рақамӣ яке аз сохторҳои муҳими таълимӣ ва илмии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунии рақамӣ ба роҳ мондааст.

Дар соли таҳсили 2025–2026 дар кафедра ҳамагӣ 25 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, аз ҷумла:

  • 4 нафар номзади илм ва дотсент;
  • 5 нафар саромӯзгор;
  • 16 нафар ассистент.

Аз ҳайати умумии омӯзгорон қисми муайян ҳамчун корманди асосӣ, ҳамкори дохила ва ҳамкори беруна фаъолият доранд. Кафедра дорои нерӯи хуби илмӣ-педагогӣ буда, омӯзгорон пайваста дар корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва методӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар байни омӯзгорони фаъоли кафедра Курбонов Ф., Исупова Х.П., Шарипов Р.М., Ашурова Д.Х., Рачабов А. ва Юсупова Ш.Ф. саҳми назаррас доранд.

Дар кафедра 7 нафар унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, унвонҷӯи кафедра Рустам Ситора Рустам санаи 14 апрели соли 2026 дар назди Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мукаммалсозии механизми таъмини амнияти иқтисодии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯйи ихтисоси 5.2.3 — Иқтисоди миллӣ бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Омӯзгорони кафедра дар омода намудани дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ, барномаҳои фаннӣ ва баргузор намудани конференсияҳои илмӣ саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён аз усулҳои муосири таълим ва технологияҳои рақамӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Кафедраи иқтисодиёти рақамӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир фаъолияти мунтазамро идома медиҳад.