Ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Саъдуллозода Шаҳриёр 14 марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
Соли 2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-электрик хатм намудааст.
| Солҳо | Вазифа |
|---|---|
| 2005–2010 | Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |
| 2010–2011 | Ассистенти кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |
| 2011–2013 | Муовини декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |
| 2013–2016 | Аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия |
| 2016–2019 | Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |
| 2019–2021 | Муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба таълим |
| 2021–2023 | Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |
| 2023–2025 | Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд |
| Аз 3 ноябри соли 2025 то ҳол | Ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон |
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.