30 майи соли 2026 дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба солгарди таъсисёбии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва сокинони шаҳр иштирок намуда, аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инноватсия ва рақамикунонӣ ёдовар шуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, муҳтарам Шаҳриёр Саъдуллозода оғоз гардида, зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати солгарди донишгоҳ табрик намуда, аз саҳми муассиса дар рушди низоми таҳсилоти олӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар кишвар ёдовар шуданд.
Дар идома намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати инноватсияи Агентӣ, муҳтарам Анварзода Сунатулло суханронӣ намуда, фаъолияти донишгоҳро дар омода намудани кадрҳои рақобатпазир ва татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ баланд арзёбӣ намуд.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ маросими қадрдонии ғолибони Олимпиадаи фаннӣ буд, ки бо ташаббуси донишгоҳ миёни ҷавонони соҳибистеъдод баргузор гардидааст. Ғолибон бо туҳфаҳо ва мукофотҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд:
Ин иқдом бори дигар таваҷҷуҳи донишгоҳро ба рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон ва дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон нишон дод.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва донишҷӯён, инчунин намоиши дастовардҳои инноватсионии донишгоҳ баргузор гардида, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.