БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ОИД БА БАРРАСИИ МАВЗУЪҲОИ МУОСИРИ ИЛМӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ОИД БА БАРРАСИИ МАВЗУЪҲОИ МУОСИРИ ИЛМӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ДОНИШГОҲ


Бо ташаббуси Кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинари мазкур масъалаҳои муҳими илмӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, иштирокчиён вобаста ба натиҷаҳои корҳои таҳқиқотии пешниҳодшуда мубодилаи афкор анҷом доданд.

Аз ҷумла, кори таҳқиқотӣ таҳти унвони «Использование технологии перевернутого обучения при изучении студентами курса спортивного программирования» мавриди муҳокима қарор гирифта, доир ба татбиқи усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди омӯзиш ва такмили малакаҳои касбии донишҷӯён ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон, кори таҳқиқотӣ дар мавзуи «Ҳаёт зери оташи терроризм ва экстремизм» низ баррасӣ гардида, иштирокчиён вобаста ба таҳдидҳои муосири терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ дар рушду таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми назаррас мегузорад.