Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи муште аз хоки қаҳрамонони миллӣ, ки аз Маскав ба Душанбе оварда шуд, шахсан ба фурудгоҳ ташриф оварда, ба рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ ва истиқлол самимона арзи эҳтиром ва қадрдонӣ намуданд.
Ин иқдоми рамзӣ ва пурмуҳтаво нишонаи арҷгузорӣ ба фидокориҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат мебошад, ки барои ҳифзи шаъну шараф, озодӣ ва арзишҳои миллӣ ҷони худро нисор кардаанд.
Таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони миллӣ, эҳтиром ба гузаштагони сарбаланд ва пос доштани арзишҳои ватандӯстиву худшиносӣ яке аз пояҳои муҳими тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.