Бо мақсади татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои тарбиявӣ, мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ташкилию тарбиявӣ, дар ҳамкорӣ бо садорати факултети муҳандисӣ ҷаласаи васеи падару модарон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишҷӯён мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Зимни муҳокима ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти донишҷӯён, таҳкими ҳамкории муассири миёни оила ва муассисаи таълимӣ, инчунин рушди ахлоқию маънавии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия, н.и.п. Маҳмудзода Мумина Маҳмуд, мудири шуъбаи ташкилию тарбиявӣ Шарипов Р. М., декани факултети муҳандисӣ, н.и.и. Ҳисайнзода Наврӯз ва масъули самти занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Исупова Хуршеда суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва рушди ҳамкориҳои судманди волидайн бо донишгоҳ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор волидайни фаъол барои саҳми арзанда дар тарбияи фарзандон ва ҳамкории самаранок бо донишгоҳ бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии мазкур барои таҳкими робитаҳои судманди миёни оила ва донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос нақши муҳим арзёбӣ гардид.