ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА: ТОЗА НАМУДАНИ РОҲУ КӮЧАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ

ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА: ТОЗА НАМУДАНИ РОҲУ КӮЧАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар пайи офати табиие, ки дар шаҳри Кӯлоб рух дод, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди масъулият ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои он сафарбар гардиданд. Онҳо дар тоза намудани роҳу кӯчаҳои шаҳр ва барқарорсозии инфрасохтор саҳми назаррас гузоштанд.

Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси «Солҳои вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ» амалӣ гардида, маъмурияти донишгоҳ ба тамоми сокинони осебдида ҳамдардии амиқ изҳор менамояд. Ҳамзамон, дар ин лаҳзаҳои ҳассос худро шарики дарду андӯҳи мардум ва хонаводаҳое медонад, ки наздикони худро аз даст додаанд.