Парчамо ранги сафедат ишқу эҷоди ман аст,
Рамзи волои Ватан ёдгори аҷдоди ман аст.
Покии виҷдони ман аз парчами овозадор,
Бахту иқболат Ватан ҳар лаҳза иршоди ман аст,
Ранги сурху сабзи ту домони куҳу манзара,
То ба бурҷи осмон созу виқор шони ман аст.
Рахи болои ту аст хуни далерони Ватан,
Ҷонисориҳои халқи Тоҷикистони ман аст.
Рахи сабзат файзу эҳсон олами ишқу умед.
Он нишон аз Оли Сомон то ба Раҳмони ман аст.
Милате,ки нангу ор дорад чу Кова бо дирафш,
Чун сипар бар миллати ман, меҳри яздони ман аст.
Мекунам бо хуни дил хори Ватан сабз ҳамчу гул,
Ҳар расан дар парчамам ин риштаи ҷони ман аст.
Ҷилваатро то ба қудс хоҳам баровард парчамо,
К-ин рўёи Рўдакӣ, Айнӣ, Бобоҷони ман аст.
Шукр созам зери ту монам қадам бо ифтихор,
Имрўзи ту иди ман ҳаст, давру даврони ман аст.
Сабт созад Шоҳуубод дар лавҳи дил бо оби зар,
Ин Ватан ин парчамам як гуша имони ман аст.
ТУРАЕВ ҚУБОД - омӯзгори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/