735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПРЕЗИДЕНТИ МАН ИФТИХОРИ МАН

Зери ин унвон бо ташаббуси раёсати тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "ПРЕЗИДЕНТИ МАН ИФТИХОРИ МАН" бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар ҷараёни аксияи мазкур мутасаддиён иштирокчиёни аксияро ба муносибати 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта бо овеза, ки дар он акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфта аст бо ифтихори баланд ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, рамзи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба роҳбари хирадманду маърифатпарвари кишвар акси хотиравӣ гирифтанд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима