Оид ба таҳияи Платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ

Оид ба таҳияи Платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ


Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои таҳияи Платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ эълон менамояд.

Муҳлатҳои баргузории озмун:

  • Қабули ҳуҷҷатҳо – то 10 июли соли 2026;
  • Баррасии лоиҳаҳо – то 20 июли соли 2026;
  • Муаррифӣ ва ҳимояи лоиҳаҳо – то 31 июли соли 2026.

Мукофоти озмун:
Ғолиби озмун бо маблағи 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ва Сипосномаи директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳои иштирок дар озмун тавассути почтаи электронии зерин қабул карда мешаванд:

E-mail: i-development@innovation.tj

Маълумот барои тамос:
Телефон: (992) 223-30-38

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи расмии Агентӣ муроҷиат намоед: innovation.tj

Аз ҳамаи мутахассисон, муҳаққиқон, таҳиягарон ва ширкатҳои манфиатдор даъват ба амал оварда мешавад, ки дар рушди экосистемаи инноватсионӣ ва тиҷоратикунонии дастовардҳои илмии кишвар саҳм гузоранд.