Шуъбаи барномасозӣ

Шуъбаи барномасозӣ

Таърихи шуъба

Шуъбаи барномасозӣ яке аз сохторҳои муҳими Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, таҳия, дастгирии барномаҳои электронӣ, рақамикунонии раванди таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ мемонад. Шуъбаи барномасозӣ ҷиҳати татбиқи консепсияи “донишгоҳи рақамӣ” ва рушди муҳити электронии таълимӣ саҳми назаррас мегузорад. Шуъбаи барномасозӣ яке аз зерсохтори ДИТРТ ба ҳисоб рафта тибқи низомнома фаъолият карда истодааст. Дар шуъба асоссан 5 – нафар коргар фаъолият менамоянд.

Мақсад ва вазифаҳои корӣ

Самтҳои фаъолияти шуъба

Самтҳои фаъолияти шуъба ин омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ, сохтани барномаҳои компютерӣ барои сифатан хуб кардани раванди таълим дар Донишгоҳ, назорати техникаҳои компютерӣ, ба роҳ мондани системаи автоматкунонидашудаи раванди таълим инчунин таҳрири маълумотҳои сомонаи Донишгоҳ мебошад.

1 Таҳия ва такмили барномаҳои иттилоотӣ барои идоракунии раванди таълим
2 Дастгирии техникии сомонаи расмии донишгоҳ
3 Назорат ва нигоҳдории шабакаҳои компютерӣ ва пойгоҳи додаҳо
4 Татбиқи хизматрасониҳои электронӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон
5 Таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумотҳо
6 Омӯзонидани кормандон вобаста ба истифодаи технологияҳои рақамӣ

Корҳои иҷрошуда

  • Навсозии сомонаи расмии донишгоҳ
  • Такмили низоми электронии идоракунии таълим
  • Таҳияи модулҳои нави электронӣ
  • Бартараф намудани мушкилоти техникии компютерҳо ва шабака
  • Насб ва танзими барномаҳои зарурӣ
  • Омода намудани ҳисоботҳои оморӣ

Натиҷаҳои бадастомада

Суръати хизматрасонӣ

Суръат ва сифати хизматрасониҳои электронӣ беҳтар гардид.

Ҳуҷҷатгузорӣ

Истифодаи ҳуҷҷатгузории электронӣ васеъ шуд.

Захираҳои иттилоотӣ

Дастрасии омӯзгорону донишҷӯён осон гардид.

Назорат

Назорати раванди таълим самаранок гардид.

Ҳайати кормандони шуъба

Маълумот дар бораи кормандони шуъбаи барномасозӣ

Алиҷони Абдураҳмон
Мудири шуъба

6 сол собиқа

918362409

Рустамҷони Низомуддин
Барномасоз

16 сол собиқа

918816782

Ниязов Азамат
Мутахассис-барномасоз

11 сол собиқа

078913300

Ҳайдарзода Исроил
Мутахассис-барномасоз

1 сол собиқа

556427272

Каримзода Некруз
Барномасоз

3 сол собиқа

101110625